7 Сентябр 2023 - 15:52
 Тафсир: Идомаи иқдомоти таҳрикомези давлати Илҳом Алиев дар хутути тамоси марзӣ бо Арманистон

Давлати Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба интиқоли неру ва таслиҳот ба манотиқи марзӣ муттаҳам кард.

Низомиёни артиши Арманистон дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ, дирӯз (5 сентябр) эълом карданд, таҳаррукоти низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзи муштараки ду кишвар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии минтақа, нерӯҳои артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон аз асри дирӯз (сешанбе - 5 сентябр) ба ҷо ба ҷоии танкҳо ва ягонҳои тӯпхона мубодират кардаанд ва видеоҳои ин нақлу интиқолоти низомӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Баназар мерасад, таҳаррукоти низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар манотиқи ҷанубии Арманистон замоне ташдид шудааст, ки вазорати умӯри хориҷаи Арманистон мавзеи расмии давлати Ереванро дар заминаи мубодилаи арзӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кардааст. Вазорати умӯри хориҷаи Арманистон дар посухи суоле мабнӣ бар эҳтимоли муовизаи арозӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ё тағйири масири иртиботӣ аз Арманистон бо ароманаи Қорабоғ, эълом кардааст: "Каридори Лочин ба унвони як робит миёни Арманистону Қарабоғи Кӯҳистонӣ мавриди тавофуқи тарафайни муноқиша қарор гирифтааст ва ҳеҷ ҷойгузине надорад".

Тардиде нест, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев ба тавсия ва таҳрики неруҳои низомии бегонаи мустақар дар минтақа ба иқдомоти таҳрикомезу хатарнок алайҳи Арманистон иқдом мекунанд. Таҳаррукоти низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дастури кор қарор гирифтааст, ки мақомҳои давлати Ереван таъкид мекунанд, ки мавзеи давлату мардуми Арманистон дар заминаи тараддуд аз гузаргоҳи Лочин тағйир накардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки таҳаррукоти байналмилалии давлати Ереван ва кашондани музокироти сулҳи Қарабоғ ва масдудсозии долони Лочин ба Шӯрои амнияти Созмони милал, мақомҳои давлати Илҳом Алиевро нигарон кардааст. Дар тӯли рӯзҳои гузашта, коршиносони низомии Арманистону манобеи огоҳи арманӣ эълом кардаанд: "Режими Исроил ба таври фаъол Ҷумҳурии Озарбойҷонро мусаллаҳ мекунад".

342/